Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Агентӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд

Аз 5 то 15 августи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ  бо намояндагони мудири бахши ҷавонон, занон, маориф, дин, КДАМ ва ШВКД-и ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои “Ором”, “Навободи боло”, “Навободи поён”, “Дустӣ”, “Маърифат” ва ҳамзамон минтақаҳои 11 ва 12-и ноҳияи Сино ва Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

   Зимни вохӯрӣ, намояндагон дар мавзуҳои “Соли маърифти ҳуқуқи” эълон намудани соли 2024, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ,  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.