Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз чор нафар дастгир карда шуданд, ки аз онҳо дар умум 179 кг ҳашиш мусодира гардид. Дастгиршудагон бо мақсади ба хориҷи кишвар интиқол додан маводи нашъаоварро аз Афғонистон дастрас намуданд.
Айни замон нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардида, тафтишот идома дорад.