Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусодираи 3 кг воситаҳои нашъадор аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар

Санаи 11 августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати сайёри оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи “Чорбоғ”-и ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе, нақлиёти сабукрави тамғаи “Тайота-кемри”, рангаш сафед, рақами қайди давлатиаш 8808FS01 боздошт гардид, ки дар дохили он 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кучаров Фируз Маҳмадшоевич ва Қурбонов Музаффар Бароталиевич қарор доштанд. Зимни азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз назди курсии нишастгоҳи ронандаи автомашина 2 кг 790 гр воситаи нашъаовари навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин, дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ҳаммаслаки дастгиршудагон Неъматов Зулфиқор Орифович бо автомашинаи тамғаи “BYD-E2”, рангаш сафед, рақами қайди давлатиаш 9696ОС02 дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар наздикии НФС “Ораш” дастгир гардид.

Ҳамзамон, манзили истиқоматии Кучаров Ф.М. мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷа аз манзили истиқоматии номбурда дар умум воситаҳои нашъадори ҳашиш 183 грамм ва моддаи психотропии навъи “прегобалин” ба миқдори 9 грамм мусодира карда шуд.