Санаи 20-уми августи соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои “Бустон” ва “Қаротегин”-и ноҳияи Фирдавсӣ, “Дилшод Барно”-и ноҳияи Шоҳмансур ва минтақаи 32-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯриҳо кормандони Агентӣ ба ҳозирин дар мавзуҳои “Соли маърифти ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”, “Истиқлолият неъмати бебаҳост” ба муносибати 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, омилҳои коррупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, оид ба бар кардани либосҳои миллӣ миёни ҷавондухтарон, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.