Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқоти Директори Агентӣ бо намояндагони Сафорати ИМА

26 августи соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ, генерал-майори х.н.м.н. Зафар Самад бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори Агентӣ ҳайати Гурӯҳи таъиноти махсуси Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати баргузории мулоқоти дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд бо ниҳодҳои дахлдори ИМА дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори минатдорӣ баён намуда, оид ба як қатор корҳои ба сомон расонидашуда ёдовар гардид.       

Зимни мулоқот ҷиҳати ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ барои кормандони Агентӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дар анҷом ҷонибҳо аз сатҳи ҳакориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуданд, ки барои боз ҳам равнақ ёфтани ҳамкории эътимоднок ва судманд ҷиҳати  муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.