Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш

 1 сентябри соли ҷорӣ дар толори дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Агентӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, тамошо намуданд.

      Зимни суханрони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

      Таъкид гардид, ки якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замон дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

      Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба аҳамияти бо дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

      Бинобар ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт карда, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоянд.