Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Сомон 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи 3-юми августи соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Сомон 1 ва 2 -и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон ва занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ  дар самти пешгирии  омилҳои номатлуби маводҳои тиракунандаи ақл нос, сигор, машрубот ва нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон ҳамзамон, бемориҳои сироятии ВНМО ва БПНМ, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ  терроризму экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ, Истиқлоляти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамзамон, эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар соли 2024 вохӯриву суҳбат баргузор гардид.