Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Агентӣ 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн гирифтанд

Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ, меҳмонон ва собиқадорони Агентӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз шуд.

Сипас Директори Агентӣ, генерал-майори  хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, фаъолияти муназзаму босамари шохаҳои ҳокимият, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад.

Қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парламенти дупалатагӣ ва Суди конститутсионӣ, инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, бевосита дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Ҳамзамон иброз намуданд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамчун зодаи даврони истиқлол ба як мақомоти махсуси пуриқтидор ва тавонои ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфта, тавонист, ки дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар,  ба хусус дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ саҳми босазои хешро гузорад.

Дар чорабинӣ кормандон ва собиқадорони Агентӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас суханронӣ намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубабон ва талошҳову тадбирҳои созандаи Сарвари давлатамон ёдовар гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии ҷавононе, ки акнун ба кор оғоз кардаанд баргузор шуд, кормандони ҷавон ҳангоми савгандёдкуни бо тантана изҳор доштанд, ки ба савганди худ содиқ монда, кушиш менамоянд, ки дар таъмини суботу амнияти кишвар ободии сарзамини хеш хизмати арзанда намоянд.

Баъд аз маросими савгандёдкунӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳайати шахсии Агентӣ гузашти низомӣ анҷом доданд. 

Интиҳои чорабиниро Сурудҳо дар васфи Модар – Ватан сароидаи ҳунармандон хотирмон намуд.