Санаи 5–уми сентябри соли 2024 дар толори Қисми ҳарбии 0121 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гашт.
Зимни вохӯри оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, ҳамчунин 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубабон, 30 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, пош хурдани оилаҳои ҷавон, масъулият таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.