Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дастгирии пайваста ва рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро самти афзалиятноки фаъолияти худ эълон карда, тайи 33 соли гузашта дар ин роҳ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 26 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 бошад, баҳри беҳдошти шароити зиндагии сокинон татбиқи 196 лоиҳа ба маблағи умумии 139 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи ин барнома то ба ҳол 86 лоиҳа ба маблағи 72 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки 52 фоизи барномаро ташкил мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созандаи мардуми ноҳия, бахусус соҳибкорони ватандӯст ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таҷдиди 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 41 иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Президенти кишвар ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаро дар самти ҳамдилию ҳамовозӣ сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат номиданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки корро бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо вусъат бахшанд.

Таъкид карда шуд, ки кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки ноҳияи Тоҷикобод ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба вазъи соҳаи нақлиёт, бахусус барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва ба дарвозаи шарқии Тоҷикистон табдил додани водии Рашт Пешвои миллат татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нурободро ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми нақшаи созандаи Ҳукумати кишвар доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ намуданд.

Мусоидат ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки вобаста ба онҳо Президенти кишвар дар назди иштирокдорони мулоқот андешаронӣ намуданд.

Дар мулоқот баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, ҷавонону собиқадорон бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлоли сартосарӣ суханронӣ карда, суолу дархостҳои худро ба миён гузоштанд.