Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи ҳамешагии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми зиёди шаҳру навоҳии мамлакат биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизб ба тарзи замонавӣ бунёд шуда истодаанд, ки ин иқдом барои баланд бардошатни сатҳу сифати кории кормандони ҳизб дар манотиқи кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ин маврид, ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 11-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб – Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб – Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шерализода Муҳаммадулло Умар, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таъкид доштанд, ки дар ин рӯзҳои идонаву фархунда, ки мардуми кишвар зери таассурот аз таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор доранд, кушодашавии бинои наву замонавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб барои аъзои ҳизб ва ҳар фарди ватандӯсти ин ноҳия, падидаи фараҳбахш ва руйдоди муҳим мебошад.