Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохуруи кормандони Агентӣ бо истиқоматкунандагони минтақаҳои 83 ва 84 ,ҳамзамон маҳалаи “Шишхона”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи 13-уми сентябри соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  толори МТМУ № 92, бо истиқоматкунандагони минтақаҳои 83 ва 84, ҳамзамон маҳалаи “Шишхона”-и  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҳуқуқ, бахши ҷавонон, бахши маориф  ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти муомилотии  қонунии воситаҳои нашъадор модаҳои психотроӣ ва прекурсорҳо, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои коррупсионӣ,  шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ  терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулият барои  таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ ҳамзамон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  эълон гардидани соли 2024, 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву суҳбат баргузор гардид.