Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии корманди Агентӣ бо кормандони нозироти андоз

Санаи 17 сентябри соли ҷорӣ, дар бинои Кумитаи андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, вохӯрии корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ мақсад ва ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ва “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода шуд. 

Қайд гардид, ки Стратегияи мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. 

Дар вохӯрии мазкур намояндагони дигар мақомоти дахлдорӣ ҷумҳурӣ иштирок ва суханрони намуданд.