Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх-Хуррамзамини ноҳияи Данғара

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд.

Дарозии умумии роҳ 18,5 километр ва паҳноияш 6,2 метрро ташкил намуда, аз хизматрасонии он сокинони деҳаҳои Ҳусеншайх, Лоларух, Булёни боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳияи Данғара истифода мекунанд. Ин роҳ барои сокинони чанде аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик ҳам, ки бо он пайвастанд сабукӣ меорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонидани чораҳои пайвасткунандаи шабакаи рушдёфтаи нақлиётиро аз ҷониби соҳибкорон барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт, талқини ҳисси зебоипарастӣ ва беҳшавии зиндагии мардум муҳим арзёбӣ намуда, ба бунёдгузорони роҳ изҳорӣ сипос намуданд.

Навсозии роҳ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бо мақсади иҷрои даъватҳои Роҳбари давлат барои саҳмгузорӣ дар ободии диёр сохта шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ сокинони 8 деҳа ё тақрибан 20 ҳазор аҳолӣ барои рафтуомад имконияти бемонеа пайдо намуданд.

Ҳамчунин дар роҳ 3 пули нав бунёд гардида, 15 қубури оҳану бетонӣ насб карда шудааст. Дар ҷойҳои аҳолинишин ҷӯйборҳои обгузар гузошта шуда, роҳҳои пиёдагард сохта шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки вазъи роҳ аз деҳаи Ҳусеншайхи деҳоти Корез то деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф нигаронкунанда буд ва ҳамарӯза ронандагону мусофирон аз 8 деҳаи ноҳияи Данғара ин роҳро бо машаққати зиёд тай менамуданд.

Азму иродаи қавӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва иродаи мустаҳками соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Данғара дар ободии диёр ба бунёди ҳамин гуна роҳи ҷавобгӯ ба талабот мусоидат кард.

Насби истгоҳҳои замонавӣ, рангубори манзилҳои истиқоматӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию сояафкан дар шафати роҳи Ҳусеншайх – Хуррамзамин аз омодагии комил ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва маърифати баланди зебоипарастӣ шаҳодат медиҳад.

Инчунин дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара роҳи деҳаи Сафобахш бо дарозии наздики 4 километр ба истифода дода шуд. Ин тадбири муҳим аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом дода шуда, равшаннамоии роҳ низ таъмин карда шудааст.

Натиҷаи тадбирҳои ободонӣ дар самти бунёду навсозии роҳу пулҳо нишон медиҳад, ки имрӯз намояндагони бахши хусусӣ ва сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иҷрои даъватҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр ба таври намунавӣ иҷро мекунанд. Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 6 пули мошингузар бунёд карда шуда, 143 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 310 километр сангфарш карда шудааст.

Имрӯз соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара бо ташаббускорӣ тавассути саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ намунаи ибрат нишон дода, барои ободии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ба ҳамин восита таъмини саодати рӯзафзуни зиндагиро мароми хеш қарор додаанд.

Дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёду навсозии роҳҳо идома дошта, дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аллакай наздики 70 километр роҳ мумфарш ва 60 километр сангфарш карда шудааст.