Санаи 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Афинаи Юнон 38-умин Конфроси байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEС XXXVIII) кори худро оғоз намуд.
Дар Конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад муаррифӣ менамояд.
Дар ҳошияи Конфронси мазкур, бо мақсади рушду
тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд Директори
Агентӣ бо роҳбари Барномаи шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Департаменти давлатии ИМА Меган Отэс ва Мушовири Бюрои он Кевин Скали вохӯрии дуҷониба анҷом доданд.
Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самти мубориза ва назорати модаҳои синтетикӣ ибрози назар намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва як қатор созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ширкат меварзанд.
Конфронси мазкур то санаи 26-уми сентябр идома меёбад.