Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ санаи 25 сенябри соли ҷорӣ бо волидон ва хонандагони МТМУ № 101ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳадафу мақсади мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, олимон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар ироъа доштанд, инчунин бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ки санаи 20 июли соли равон бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд, инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводҳои ғизоӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ,пешгирии маводи нашъадор, пешгирии ба бар кардани либосҳои бегона, маданияти шаҳрнишинӣ, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома хоҳанд ёфт.