Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИШТИРОКЧИЁНИ НИШАСТИ МИНТАҚАВӢ АЗ АГЕНТӢ ДИДАН НАМУДАНД

Рӯзҳои 2 ва 3 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нишасти минтақавӣ зери унвони “Пешгирии истеъмол ва дастрасии маводи мухаддир ва моддаҳои психоактивӣ миёни ҷавонон дар Осиёи Марказӣ” баргузор гашта истодааст. 

Дар доираи ин чорабинӣ санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ иштирокчиёни нишасти мазкур ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ин вохӯрӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилали иштирок намуда, ба онҳо рӯнамо оид ба дастовардҳои кишвар, сиёсати зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа пешниҳод карда шуд. 

Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби кинологҳои Агентӣ ба меҳмонон намоиш оид ба фаъолияти сагҳои хизматӣ пешниҳод карда шуда, аз анбори махсусгардонидашудаи маводҳои нашъаовар дидан намуданд.

Иштирокчиёни ин чорабинӣ омодагии худро барои ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла ҷиҳати таҳияи Барномаҳои нав дар самти пешгирии нашъамандӣ изҳор намуданд.