Санаи 31 – уми октябри соли 2024 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.