Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусобиқаи варзишии “Тенниси рӯи миз”

Бахшида ба 30-юмин солагарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар доираи чорабинии муштараки пешгирикунандаи зидди нашъамандӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Тенниси рӯи миз” таҳти шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъадор!”-ро баргузор намуданд.

Дар мусобиқа 70 нафар наврасону ҷавонон аз 20 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. 

Мусобиқа аз 29-уми октябр то 1-уми ноябр баргузор гашта, беҳтаринҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии наврасону ҷавонон, бедор намудани ҳисси бадбинӣ ба маводи нашъадор ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар қисмати ҷамъбастии мусобиқа намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба ғолибони мусобиқа аз номи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.