Санаи 1–уми ноябри соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо омӯзгорони муассиса ва сокинони маҳаллаҳои Амиршоев, Кӯҳдоман, Телмони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Агентӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоикистон” суханрони намуданд. Инчунин зимни вохӯрӣ ҷиҳати пешгири намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандӣ, ифротгароӣ, муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризму эктремизм ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат баргузор гардид.