Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахси баргузор гардид.
Чорабиниро Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оғоз намуда, зимни суханронии худ қайд карданд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми ҳуқуқӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо инобати тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сохти демократии давлат аз нав таҳия ва қабул гашт, ки ин падида дар маҷмуъ шароити шоистаи зиндагиро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз ба шумор рафта аз Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони ҷавон оид ба заминаҳои қабули Конститутсия, марҳилаҳои он ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, баромад намуданд.
Зикр гашт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки низоми давлатдории моро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.
Бахшида ба ин ҷашн 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон баҳри хизматҳои арзанда дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шудаанд.