Санаи 12 – уми ноябри соли 2024 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Агентӣ дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, дар самти омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, сабабҳои сар задани суйистеъмоли маводҳои нашъаовар дар байни наврасону ҷавонон, инчунин пешгири намудан аз омилҳои ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм, ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.