Ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.
Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида, ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бахшида ба ин санаи бузург дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Баъд аз хондани суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон, бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.
Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ баромад намуда, аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару ватандӯст ёдрас шуданд.
Дар интиҳо роҳбарият аз кормандони Агентӣ хизмати содиқонаро ба халқу ватан ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намуда, бо шукргузорӣ аз фазои ободу озодӣ кишвари маҳбубамон ҷаласаро хотима бахшиданд.