Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ санаи 13 – уми ноябри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 ва №129 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидон ва омузгорон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, дар самти омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифташуд.