Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории ҷаласаи кумитаи Роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

18 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи Роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт.

         Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазукр ин “Шарҳи  натиҷаи ҳамкориҳо дар соли 2024” ва “Муҳокима ва баррасии Нақшаи корӣ дар соли 2025”  иборат буд.

         Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

         Зимни чорабинии мазкур Директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оид ба даствардаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти   мубориза  бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии нашъамандӣ, инчунин вобаста ба ҳамкориҳои судманд бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Оливер Штолпе суханронӣ намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори   Тоҷикистон бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати роҳандозӣ гардидани барномаҳо дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи одамон, офиятбахшии нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими касбияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур  намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Оливер Штолпе ба Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз фаъолияти Агентӣ шиносоӣ пайдо намуд