Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатии кормандони Агентӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва №77-и ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи 18–уми ноябри соли ҷорӣ, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мудири шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагон, волидон ва омузгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд. 

Зимни вохӯрӣ, намояндагон оид ба мавзуҳои “Соли маърифти ҳуқуқи” эълон намудани соли 2024, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.