Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо хонандагон ва омузгорони МТМУ №5 ва №126-и ноҳияи Фирдавсӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчояги бо намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 19-уми ноябри соли 2024, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва №126-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагон бо хонандагони синфҳои болоии ин муассисаҳо дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ суҳбат намуданд. 

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, ин пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.