Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо хонандагон синфҳои болоӣ, омузгорон ва волидон дар МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи 20 –уми ноябри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Гуруҳи авангарди ноҳияи Фирдавсӣ, ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ вамақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, омузгорон ва волидон вохӯрӣ дар самти омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, сабабҳои сар задани суистеъмоли маводҳои нашъаовар дар байни наврасону ҷавонон,даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар ва ҳамзамон пешгирии омилҳои ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм,ба марказҳои дилхӯшӣ ва интернет – кафеҳо, истифодаи нушокиҳои спиртӣ, авбошии ноболиғону ҷавонон ва пешгирии садамаҳои роҳи нақлиёт, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Втан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳамзамон баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавононва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.