Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро парчами он муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 ноябри соли 2024, дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз гардид.
Сипас бахшида ба ин рӯзи фархунда Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад суханрони намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ нишоне аз таърихи куҳани халқи тоҷик буда, аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад. Он як ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти миллату давлат дарак медиҳад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагӣ дар партави ҳидоятҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд.
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосӣ ва нишони волои соҳибистиқлолии мост, ки дар худ таъриху фарҳанги миллатро таҷассум мекунад. Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст.
Дар рафти чорабинии мазкур ҳамчунин кормандони ҷавони Агентӣ баромад карда, Парчамро таҷассумгари таърихи куҳан, рамзи давлатдории миллӣ, ва пойдории давлат арзёбӣ намуданд.