Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар кормандони мақомоти дахлдори вилоят дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо ҷавондухтарон, омӯзгорон ва фаъолони шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор намуданд.  

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд. 

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ мебошад.