Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ бо хонандагон ва омузгорони МТМУ №127 – и ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи 27–уми ноябри соли 2024 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ва шуъбаи ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №127-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидони онҳо ва омузгорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ намояндагон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ сабаб ва оқибатҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ ва омори вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар пешгирии омилҳои ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм, пош хурдани оилаҳои ҷавон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суҳбат намуданд.