Санаи 27–уми ноябри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №128-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омузгорон вохӯри баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, сабабҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар дар байни наврасону ҷавонон, даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгири аз омилҳои ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм, ба марказҳои дилхӯши ва интернет-кафеҳо нарафтани ҷавонон ба хусус хонандагон, пешгири аз садамаҳои роҳу нақлиёт, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат вохӯрӣ намуданд.