Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ№7 вохӯрӣ намуданд

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагон аз Раёсати маориф ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят  дар асоси нақшаи муштарак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагон бо хонандагони синфҳои болоии ин муассиса дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ, даст задани ҷавонон ба истеъмоли сигорҳои электронӣ ва пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ суҳбат намуданд.