Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ноҳияи Фирдавсӣ санаи 28–уми ноябри соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №120, 121 ва 125-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидон ва омузгорони муассисаҳои болозикр вохӯрӣ баргузор намуданд.
Намояндагон зимни вохӯрӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм, пешгирӣ намудани пош хурии оилаҳои ҷавон ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат.