Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “ Зан ва тандурустӣ, пешгирии ВНМО ва нашъамандӣ миёни занону бонувон”

Санаи 30 – юми ноябри соли 2024 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи мубориза алайҳи ВНМО дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷудухтарони донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи  “Зан ва тандурустӣ, пешгирии ВНМО ва нашъамандӣ миёни занону бонувон”  баргузор гардид.

      Дар мизи мудаввар аз ҷониби намояндагон дар хусуси  пешгирии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии аввалиндараҷа миёни ҷомеа, омори вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВНМО ва солимии репродуктивӣ дар байни ҷавондухтарон ва занон суҳбат баргузор гардид.

      Дар охири мизи мудаввар донишҷӯён ба тамоми саволҳои худ аз ҷониби намояндагон ҷавобҳои муфассал гирифтанд.