Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор гашт

Санаи 2 – юми декабри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидони онҳо ва омузгорон вохӯри баргузор гашт.

  Дар вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” оид ба пешгири намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, сабаб ва оқибатҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пош хурдани оилаҳои ҷавон, инчунин ҷиҳати пешгири намудани наврасону ҷавонон  аз омилҳои ифротгароӣ, эктремизму терроризм ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии наврасону ҷавонон ва арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.