Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ санаи 2 – юми декабри соли 2024 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омузгорони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯри намояндагон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ сабаб ва оқибатҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳамзамон пешгирии омилҳои ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм, пош хурдани оилаҳои ҷавон ва инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавононва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.