Санаи 02 декабри соли 2024 ҷаласаи бисту шашуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайатҳо аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, намояндагони котиботи СААД, намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва воҳидҳои иқтишофӣ-молиявии Россия, Кумитаи сардорони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумрукии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд.
Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад муаррифи намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа иҷроиши Нақша ҷорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои СААД дар соли 2024-ро ҷамъбаст намуда, вобаста ба вазъи маводи мухаддир дар давлатҳои аъзои СААД, баргузории амалиётҳои зерминтақавии зиддимухаддиротӣ ва дигар масъалаҳои марбутаро баррасӣ намудан.
Дар ҷаласа қайд намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии давлатҳои аъзои СААД таҳдид мекунад. Зикр гардид, ки болоравии истеҳсоли маводҳои синтетикӣ ва дигар намуди воситаҳои нашъадор, қочоқи онҳо тариқи масири “Шимолӣ” коркард ва қабули тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.
Ҷонибҳо зарурати муттаҳидсозии минбаъдаи талошҳои мақомоти салоҳиятдори зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД-ро тасдиқ намуда, дар охири ҷаласа аз натичаҳои муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.