Санаи 02-юми декабри соли 2024 намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.