Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар Агентӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид

Санаи 04 декабри соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад, аъзоёни Шуро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовини Вазири фарҳанг дар хусуси таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, шунида шуд.

Ҳамчунин, оид ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намуданд.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.