Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, санаи 23–юми декабри соли 2024 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омузгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.
Инчунин, зикр гардид, ки бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва наврасону ҷавононро мебояд дар баробари ин ҳама ғамхориҳо вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд. Зеро, ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд.