Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Маъракаи ниҳолшинонӣ

27 декабри соли 2024 ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва тозаву зебогардонӣ ташкил намуданд.

Бо ин мақсад дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, назди бозори “Ховарон” 200 адад дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонда шуд.

Иқдоми мазкур аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, имрӯз кормандони Агентӣ бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро дар гирду атрофи биноҳои маъмурии Агентӣ нарм карда, ба тозаву зебо ва ободии гулу ниҳолҳои атрофи он машғул гардиданд.