28-уми декабри соли 2024 ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Зимни ироаи Паём Сарвари давлат оид ба таъмини амнияти миллӣ таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти худ намуда, баҳри ҳифзи саломатии аҳолии кишвар аз нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кушиш ба харҷ медиҳанд ва баҳри амнияту суботи Ватани азизамон содиқонаву софдилона хизмат менамоянд