Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории семинари омӯзишӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ

Санаи 9 январи соли 2025 дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва ҳадафҳои асосии он баргузор намуданд. 

Дар семинар ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ва “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода шуд. Қайд гардид, ки Стратегияи мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Инчунин, оид ба назорати маводҳои дурӯворӣ ва баъзе растаниҳо низ маълумоти муфассал дода шуд, ки на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси манъ будани содироти онҳо ба кишварҳои хориҷ маълумоти муфассал доранд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ворид кардани растании “Испанд” ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус манъ гардидааст. Пешниҳод гардид, ки дар вақти пешбурди хизмат дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо, аз ҷониби кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мусофирон қабл аз анҷоми сафар корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шаванд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён, роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин маводҳо, тарзу усулҳои аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он, инчунин оид ба оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал дода шуд.