Санаи 10 январи соли 2025 вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо омӯзгорон ва волидони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Кумитаи дин ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ суханрони намуданд.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.
Зимни вохӯрӣ намояндагон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ сабаб ва оқибатҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, пешгирӣ аз омилҳои ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм, пош хурдани оилаҳои ҷавон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ва эълон гардидани соли 2025 “Соли рушди иқтисодӣ ва иноватсияи рақамӣ” суҳбат намуданд.