Санаи 13–уми январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудири бахши фарҳанг, намояндагони Суд ва ШВКД-1 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо омузгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ намояндагон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, пешгирӣ аз омилҳои ифротгароӣ муқовимат бо терроризму эктремизм ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.