Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Бо хонандагон ва омузгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор гашт

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак санаи 15–уми январи соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, бо омузгорон, волидон ва хонандагони муассисаи болозикр дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ сабаб ва оқибатҳои сар задани сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.