Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Агентӣ дар МТМУ №70- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир намуданд

Санаи 15 январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудири бахши фарҳанг, намояндагони Суд ва ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо омузгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагон бо ҳозирин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, пешгирӣ аз омилҳои ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.