Санаи 14 январи соли 2025 намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шуъбаи маориф, бахши ҷавонон, занон ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо омӯзгорон хонандагони синфҳои болои ва волидони онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25–и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур масъулин доир ба масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз нашъамандию нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, пӯшидани либосҳои бегона миёни занон ва ҷавондухтарон пешгирии зуроварӣ дар оила, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.