Санаи 13 январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” вохӯрӣ ва суҳбат доир карда шуд.
Ҳамзамон, тибқи нақша санаи 13 январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ноҳияи Фирдавсӣ, байни ҷавондухтарон, хонандагони синфҳои болои муассисаи таҳсилоти умумӣ асосии №3–и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Втан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳамзамон баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавононва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.